Дуруд, эй қосиди фардо, шабат хуш боду рӯзат хуш,
Дуруд, эй қосиди фардо, шабат хуш боду рӯзат хуш,
Навиншоиву ноифшо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Видоъ, эй рафтаи ширин, шабат хуш буду рӯзат хуш,
Дуруд, ояндаи зебо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Чӣ мерақсӣ даруни хонақоҳи сина рӯзу шаб,
Дил, эй дил, солики танҳо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Агарчӣ зери дасти туст, натвонӣ чашид охир
Аз ин қанду аз он ҳалво, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Чӣ гулгардон, чӣ атрафшон, чӣ ҷоноҷон муҳаббат рафт,
Ба ёдаш низ салламно, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Ало, инсон, дари баста, ба рӯи худ, барои худ,
Ту кай во мешавӣ, кай во, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Муҳаббатномаҳои ман ба унвони Банӣ Одам
Дар он боло бишуд имзо, шабат хуш боду рӯзат хуш.