Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Иддаои қатра будан дорам, эй дарё, бубахш,

Иддаои қатра будан дорам, эй дарё, бубахш, Арзане гар кӯҳҳиммат шуд, маранҷ, ӯро бубахш. Гарчи милён сол дар кунҷи фаромӯшӣ зиям, Боз дар мобайни майдон мешавам пайдо, бубахш. Эҳтиёҷи ман фақат бар туст, эй яктотарин, Ёри мустағнии ман, бар ман ҳам истиғно бубахш. Хурдбинӣ чист? Бе оина худбин будан аст, Чашмҳоямро нигоҳи осмонпаймо бубахш. Пеш рафтан кӯҳнаи садсоларо ҳам нав кунад, Мавҷ-мавҷ андешаи бесамтро маҷро бубахш. Орзу, фардонамоӣ кун давоми роҳро, Рӯзу шабҳои тунукмағзи маро маъно бубахш. Дар дили ман ҳеч гоҳ, эй ишқ, истеъфо надеҳ, Исии ман, мурда ҳам бошам, маро фардо бубахш.