Меравам, меравам ба боғ, ба боғ,
Меравам, меравам ба боғ, ба боғ,
То биёбам зи худ фароғ, фароғ.
Пар задам дар тамоми шаш қитъа,
Марҳаме кофтам ба доғ, ба доғ.
Ишқ, бӯи туро нафаҳмидам,
Ман, мани бемашоми бастадимоғ.
Булбулони бирешимоворо
Зиндагӣ бум мекунад, ё зоғ.
Як ту анқоӣ, Одам, эй Одам,
Ки туро мекунам суроғ, суроғ.