Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар ин дӯзахбиҳишти кӯҳнааъроф

Дар ин дӯзахбиҳишти кӯҳнааъроф Накӯӣ ғайб зад охир паси Қоф. Муҳаббат гуфт: Ман дар олами худ Туро каффош мебинам, на кашшоф. Гуноҳатро бубахшад хоксорӣ, Барои он ки хеле мезанӣ лоф. Туӣ он ҷо, туӣ он ҷо суханбоф, Манам ин ҷо, манам ин ҷо расанбоф. Надонам, айби гардун ё замин аст, Ки охир тира шуд ин рӯди шаффоф. Маро тамдиди фурсат соз, эй ишқ, Ки дар пеши ту қарзамро кунам соф.