Субҳи ваҳйовар таваллуд шуд, муборак,
Субҳи ваҳйовар таваллуд шуд, муборак,
Дар найе шаккар таваллуд шуд, муборак.
Бо саодатмақдами борони найсон
Дар садаф гавҳар таваллуд шуд, муборак.
Дар кафи дасти ту, эй рӯшанбашорат,
Лолаи аҳмар таваллуд шуд, муборак.
Шӯразорам иқтибосе аз биҳишт аст,
Замзаму Кавсар таваллуд шуд, муборак.
Мағриби хуршедкушро гӯ, ки хуршед
Боз дар ховар таваллуд шуд, муборак.
Ишқ - уқёнуси Ороми дили ман,
Дар ту ин маҳшар таваллуд шуд, муборак.
Дафн кардам сад мани беорзуро,
Як мани дигар таваллуд шуд, муборак.
Ин ҷаҳони пиракӣ ҳам ниниёна
Тоза аз модар таваллуд шуд, муборак.
Ишқ омад, ишқ омад, ишқ омад,
Ҳар чӣ мурд, аз сар таваллуд шуд, муборак.