Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқ, ки мурд дар ду дил, монд азои муштарак,

Ишқ, ки мурд дар ду дил, монд азои муштарак, Рӯз ба рӯз сабз шуд хотираҳои муштарак. Ҷӯр наметапад ду дил, лек чӣ ҷӯр метапанд Сад милиярд ахтарон зери қабои муштарак. Байни ману ту сулҳ нест, ин ки бахайр, беш аз ин Байни ману ман аз азал нест ризои муштарак. То ба кай ин дугонагӣ, эй зи ҳама ягонатар, Ин ҳама хокиён ҷудо зери самои муштарак. Габру яҳуду муслимин, аҳли ҳазор кешу дин Саҷда барем мо ҳама сӯи Худои муштарак. Дар сари гунбади кабуд парчами сурхро бубин, Кош, Банӣ Башар зияд зери ливои муштарак.