Эй миллати хуҷаста, табрик, боз табрик,
Эй миллати хуҷаста, табрик, боз табрик,
Шоистаӣ, ки гӯям бе як маҷоз табрик.
Бар паҳлавидурудон, бар Рӯдакисурудон,
Бар оташинвуҷудон завқи гудоз табрик.
Эй дил, ту бо каломаш хат бар хат ошно шав
Чун коиноти шеъраш ҷуғрофиё надорад,
Руму Ҳиҷоз табрик, Вахшу Тироз табрик.
Бигзор то бирезад аз чархболи хуршед,
Ҳар рӯз бар сари мо чандин баёз табрик.
Эй пайкари муҳаббат, сардафтари муҳаббат,
Эй рафтае, ки мондӣ ояндасоз, табрик.
Аз ифтитоҳи пайкар то ифтитоҳи ҷавҳар
Ин як қадам ниҳодан бар аҳли роз табрик.