Зебост бо тасаввури васлат шаби фироқ,
Зебост бо тасаввури васлат шаби фироқ,
Аз бӯсаи хаёли ту сӯзад лаби фироқ.
Бе ту шабам руҷӯи сиёҳии мутлақ аст,
Бар ман ҳамеша шаъшаа зан, кавкаби фироқ!
Шаб набзи беқарори маро гӯш мекунад,
Симобро уруҷ бубахшад таби фироқ.
Завқе, ки дар фироқ бувад, дар висол нест,
Болотар аз висол бувад машраби фироқ.
Мақсудам аз фироқ таманнои васл нест,
Тамдиди ишқи туст ҳама матлаби фироқ.
Номи ту бурдаму гираҳи кор боз шуд,
Шабро расонд то ба саҳар ё раби фироқ.
Дар рӯзгори наҳзати азҳоби мухталиф
Чун одами қадимаам аз мазҳаби фироқ.
Ҳам ашк мефишонаму ҳам ханда мезанам
Дар рӯзи занги хотимаи мактаби фироқ.