Сад бор ҳам навиштам гар сӯгномаи ишқ,
Сад бор ҳам навиштам гар сӯгномаи ишқ,
Ин сӯгномаҳоро бишнос идомаи ишқ.
Чун иҷтимову дардаш рӯҳи маро фалаҷ кард,
Гуфтам наменависам дигар чакомаи ишқ.
Аммо чӣ созам он дӯст, оне, ки ишқ як Ӯст,
Рӯзи азал ба дастам додаст хомаи ишқ.
Имони мурдаи ман дар батни хок ҷунбад,
Вақте баҳор пӯшад сабзинаҷомаи ишқ.
Васли маро чӣ ҷӯӣ, ин талхкома бигзор,
Ҳаҷри маро талаб кун чун шаҳдкомаи ишқ.
Фарҳанги сурхи дилро аз тоқи синаат гир,
Сабт аст, сабт он ҷо тафсири номаи ишқ.
Фарҳанги сурх бикшо, фарҳанги сабзро пӯш,
Шеъри маро бихонӣ чун аксиомаи ишқ.