Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Рафтаро оянда кун, эй ишқ, ишқ,

Рафтаро оянда кун, эй ишқ, ишқ, Лаҳзаро поянда кун, эй ишқ, ишқ. Моҳи навро дар лабат чун най навоз, Рӯҳи шабро зинда кун, эй ишқ, ишқ. Ин шаби ялдои беафсонаро Рӯзи шаккарханда кун, эй ишқ, ишқ. Дидаву дилҳои безурётро Орзузоянда кун, эй ишқ, ишқ. Чашмҳоямро чиҳилшӯ кун ба лутф, Поку полоянда кун, эй ишқ, ишқ. Лутф кун, тақдири ноҳамворро Бори дигар ранда кун, эй ишқ, ишқ. Додаӣ ҷорӯбам аз шохи дуо, Наҳсро рӯбанда кун, эй ишқ, ишқ. Ҳар кӣ номардона бигрезад зи ту, Бе ибо шарманда кун, эй ишқ, ишқ. Ту маро бар ҳар дари аслу маҷоз Қосиди фархунда кун, эй ишқ, ишқ.