Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бар димоғи муштоқам ин шамими ҷон табрик,

Бар димоғи муштоқам ин шамими ҷон табрик, Нози нозгул табрик, шарми арғувон табрик. Бе ту тангдил будам дар фарохнои дур, Омадам ба оғӯшат чун ба бекарон, табрик. Сар ба осмон соям, чунки меҳрубонона Мекунад сарамро боз хоки остон табрик. Дар лабони тифлонам сад чаман шакарханд аст, Омадам паропарзан ташнаи чунон табрик. Пушти хандаи модар як сиришк меларзад, Он сиришк мегӯяд аз ҳама ниҳон табрик. Дил зи ғояти шодӣ навтапиш шуду навсӯз, Шодии тапиш табрик, сӯзи бебаён табрик. Ҳар куҷо наям, монда дар ҳама сулули ман Ишқи модаровардат муҳри ҷовидон, табрик.