Дил, дило, рӯзу шаби ёсуманият табрик,
Дил, дило, рӯзу шаби ёсуманият табрик,
Наргисӣ, нилуфарӣ, настараният табрик.
Офтобона баро, маҷмарагардонӣ кун,
Боғ дар боғ, чаман дар чаманият табрик.
Хостӣ даст зи домони ҷаҳон бардорӣ,
Боз бар домани ӯ бӯсазаният табрик.
Аз бурун нармиву беҷозибаву ношунаво,
Аз дарун қаҳ-қаҳу ғулғулфиканият табрик.
Чун тапидӣ, ки тапишҳои ту бемантиқ шуд,
Дили бефалсафа, мантиқшиканият табрик.
Ёрро гӯ, ки аё қотили исомақдам,
Ҳурмузиҳои пас аз аҳреманият табрик.
Эй тамомии ту пур аз нафаси бисмиллоҳ,
Инак, ин ишқи расову шуданият табрик.