Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Мурғи қафас нафастанг,

Мурғи қафас нафастанг, Мурғи нафас қафастанг. Ду дил-дили ману ту Ҳамшиша асту ҳамсанг. Якзарб нағма дорад Ду дил, дили шабоҳанг. Ду бандаи шабовез, Ду шоҳи субҳавранг. Урдибиҳишт во кард Як-як китоби «Аржанг». Бо эҳтимоми хуршед Олуча оварад ранг. Нилуфарист гардун Бо ин шамоилу шанг. Моро намуд бедор Ноқуси шамс бе данг. Гул чист, чист шабнам, Тасбеҳи ранг бар ранг. Он кист, он ки омад Ногаҳ ба хона безанг. Эй ишқ, як ту афшон Ин чангро аз ин чанг. Хуршедиву мароӣ Ҳамховару ҳамафранг.