Шабихун зан ба танҳоӣ, баро аз инзиво, эй дил,
Шабихун зан ба танҳоӣ, баро аз инзиво, эй дил,
Баро аз инзиво, охир, баро бар самти мо, эй дил.
Касе омад, туро бифшурд зери кафши хоколуд,
Надонист ӯ, ки ту нозил шудӣ аз кибриё, эй дил.
Зи бархурде, ки кардӣ бо ҷаҳону халқи дилсангаш,
Шикастиву намеёбам бароят мумиё, эй дил.
Туйи худройи нотаслим итоаткор хоҳӣ шуд,
Кунад хуршедро ҳам чархи гардун осиё, эй дил.
Ҳақиқат мефурӯшанд одамакҳои ҷаҳонхора,
Ҳақиқат низ коло шуд ба бозори риё, эй дил.
Бибар худро сӯи хуршедзори ишқу зебоӣ,
Фурӯзон бод дар сақфи ту қандили ниё, эй дил.
Дар ин даймоҳи марговар гули урдибиҳиштӣ шав,
Биё, милоди нав бахшем дунёро, биё, эй дил.