Гузашт давраи ман гуфтанат, наноз, эй дил,
Гузашт давраи ман гуфтанат, наноз, эй дил,
Чу нозпарвари як кас наӣ, наёз, эй дил.
Хатост, ҳукми ман, оре, ту бо яке нозӣ,
Ба дигарон набувад ҳаргизат ниёз, эй дил.
Ба ғайри ишқ, ки бар ту ҳамеша содиқ монд,
Дигар кият диҳад ин қадр имтиёз, эй дил.
Биё, ки аслтар аз асл як туӣ, эй ишқ,
Хуҷаста бод туро ишқи бемаҷоз, эй дил.
Ту ҳам замона, ки нав шуд, каломи тоза биёр,
Фасонаҳои куҳанро накун дароз, эй дил.
Ба сурма гарчӣ таяммум кунад ҳазорон бор,
Рамузи куфр диҳад чашми бенамоз, эй дил.
Барои он, ки дилаш мазҳари ҳақиқат шуд,
Як аст роҳи Фарангу раҳи Ҳиҷоз, эй дил.
Тамоми умр тапишномаи ту ҷамъ намуд,
Пизишки дил шавад охир баёзсоз, эй дил.
Чу нонавохта торест қалби ғафлатманд,
Дар он бирешими ноҷӯр ҳам навоз, эй дил.
Ҳуруфро, ки бувад устухони хушки майит,
Бихон дуои масеҳиву зинда соз, эй дил.
Ба шукри шеър, ба ҳаққи Худо, ба ҳурмати Ишқ
Тапиш бикун, тапиши тоза, боз, боз, эй дил!