Ин кист, ин нишаста дар чиллахонаи дил,
Ин кист, ин нишаста дар чиллахонаи дил,
Дар чиллахонаи дил ҳаст он ягонаи дил.
Кай тан диҳад ба мурдан, бар зиллати фусурдан,
Зеро туӣ, туӣ, ту узру баҳонаи дил.
Бо номи Ҳазрати Ҳақ, эй ишқ, аз ҳамин дам
Дил ноздонаи ту, ту ноздонаи дил.
Ҳамҳаҷми шабнаме шуд ҷуғрофиёи фикрам,
Хуршеди ман, бифармо бар бекаронаи дил.
Номи маро навиштӣ аз ҳошия бурунтар,
Номи Туро навиштам ман дар миёнаи дил.
Танҳо ба ҳурмати Ту, бо мӯҳру рухсати Ту
Сабзобасабз монад баргу ҷавонаи дил.