Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Таҳқири ишқ карданд ин хокиёни бадгил

Таҳқири ишқ карданд ин хокиёни бадгил Татҳири ишқ карданд он аршиёни комил. Бо фикри ғайб бошад фикрам фақат мувофиқ, Бо фикри ғайр бошад фикрам фақат муқобил. Дар сар чаро-чароҳо бисёр по фишурдам, Дар осмон ҳам он ёр худро гирифт ғофил. Дар байни чуну чанде бурдам ду қарн бар сар, Аз дасти ман наёмад ҳалли ягон масоил. Ҷо нест бар муҳаббат дар қалбҳои камзарф, Тӯфон намешиносад оби заифи соҳил. Эй мардуми муосир, бар будани муҳаббат Гӯед: кӣ тарафдор? Гӯянд: мо муқобил! Ҳафт осмон биларзад бо як такони мӯе, Ман низ ҳарзагардам аз пушти як ҳамин дил.