Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Номи туст, номи ту мавриди хитоби дил,

Номи туст, номи ту мавриди хитоби дил, Дарди туст, дарди ту муншии китоби дил. Ишқи туст, ишқи ту - бадтарин гуноҳи ман, Балки, на, хато гуфтам - хуштарин савоби дил. Ғофилона мехобам, гарчи медиҳад ҳушдор Аз дарун - даруни ман зарби бошитоби дил. Рӯди мавҷгардон ҳам тирамаҳ шавад таҳшин, Кай ба охир ояд, кай, фасли изтироби дил. Бо иҷозати ишқат, бо инояти ёдат То ҳанӯз нагзашта мавсими шабоби дил. Аз ту вом мегирад орзуи оянда, Бо ту рабтҳо дорад хотироти ноби дил. Баъди рафтани мо ҳам, дар ҷабини фардо ҳам Мазҳари таҷалло шав, эй ту офтоби дил!