Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шеър мегӯям ба шукри орзуҷӯшии дил,

Шеър мегӯям ба шукри орзуҷӯшии дил, Баски фардо мебиёяд фасли хомӯшии дил. Дар бубастам аз дарун, то фикри осоиш кунам, Ишқ як мушти гарон зад бар фаромӯшии дил. Гӯши ту лоиқ набуд, эй чархи бадгашти дағал, Бар қабули нозуки ҳарфи баногӯшии дил. Шеър, шоҳона биё бар хилвати урёни васл, Як ту ҳақ дорӣ кашӣ шоҳии шабпӯшии дил. Растухези мастии ман аз майи ғайб омада, Шеър бар рӯ мекашад асрори майнӯшии дил. Таҳният гӯ, таъзият бигзор рӯзи марги ман, Чунки аз ишқат муяссар шуд сабукдӯшии дил. Ҳолиё, ҳатто, малоик ҳосидони тустанд, Ёр, ёри бесаодат, аз ҳамоғӯшии дил.