Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Зи Сайҳун ба Нилу Фуротат салом,

Зи Сайҳун ба Нилу Фуротат салом, Ба падруди беилтифотат салом. Набуданд боре ҳамоғӯши ашк, Ба мижгони беҳиссиётат салом. Накарданд кизби туро пардапӯш, Ба чашмони беэҳтиётат салом. Ба унвони Исӣ чаро осиӣ, Ба дурии дасти наҷотат салом. Зи ҳар як сулули фурӯмурдаам Ба ҳар як сулули ҳаётат салом. Аз ин равзани танг чун чашми мӯр Ба хуршеду бар коинотат салом. Ба ман ҳадя бифрист оинае, Ки гӯям ба Шохи Наботат салом. Шабеҳи киӣ, эй чу худ бешабеҳ, Надорам сухан бар сифотат салом. Худоҷон, маро вақти падруд нест, Ба Наврӯзи кӯҳнаработат салом.