Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Сапедаҳо, сапедаҳо, сапедаҳои нилфом,

Сапедаҳо, сапедаҳо, сапедаҳои нилфом, Даруни қалбам офтоб қиём мекунад, қиём. Зи чашми рӯшани саҳар, ки во шавад чу нилуфар Нигаҳрамида нестам, наям гули намози шом. Ту бо шамоили шафақ зи равзанам даромадӣ, Салом, офтоби ман, салом, боз ҳам салом! Ҳазорсолаам, вале ҳама ҷунунаму ҷунун, Ҳама умедаму умед, ҳама паёмаму паём. Ҳазорсола дардро, биё, илоҷу чора кун, Ҳазорсола ишқро, биёву ном бахш, ном. Агар, ки мева хостӣ, бихӯр зи гандуми биҳишт В-агар ки бода хостӣ, бинӯш дар маҳи сиём. Тафовути миёни мо ҳамора беш мешавад, Уруҷи туст то фалак, уруҷи мост то ба бом. Ҳанӯз лаб набастаям, куҷо равонӣ, эй азиз, Ки ҳолиё фасонаям давом мекунад, давом.