Падруд, эй сабоҳати шабнам, салом, шом,
Падруд, эй сабоҳати шабнам, салом, шом,
Падруд, эй ба номи ту падрудҳо-салом.
Аз номи ман салом бар, урдибиҳишти ман,
Фардо ба лолаҳои афифи канори бом.
Эй рашки қулла, баҳри ғуруре, ки мекунӣ,
Як рӯз меравам, зи ту мегирам интиқом.
Ояндаро чӣ гуна раҳонам зи наҳси нанг,
Ҳоло, ки бар гузаштаи худ дорам эҳтиром.
Падруд, фасли оина будан, маро бубахш,
Зеро сафои оина ҳам мешавад тамом.
Эй шеър, ту ғуруби маро мекунӣ тулӯъ,
Эй ишқ, ту ҳаёти маро медиҳӣ давом.