Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Имшаб, ки осмонро боғи ситора дидам,

Имшаб, ки осмонро боғи ситора дидам, Қути нигоҳи худро ширингувора дидам. Гардуни нӯҳамома кавкабсарои ман буд, Як абри раҳгузарро дар далқи пора дидам. Чашми дигар кушодам бар дидани маҳи нав, Нодиданитаринро бе ҳеч ишора дидам. Эй субҳ, бар ҳаётам хуршедро фиристон, Зеро ғурубҳоро хуршедхора дидам. Чун аз тариқи симо симои ту дурахшид, Хуршедвораеро аз моҳвора дидам. Дар чиллаи дайам дод имони як гули сурх, Бо юмни он Ягона умри дубора дидам.