Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз лаҳза то ҳамеша роҳи гузар надорам,

Аз лаҳза то ҳамеша роҳи гузар надорам, Эй бесуроға, то ту хатти сафар надорам. Гуфтам туро ба шиква: Аз ман хабар надорӣ, Асли ҳақиқат ин аст: Аз худ хабар надорам. Чун ҷӯи пушти хона холиям аз тарона, Маҷрои нав надорам, мазмуни тар надорам. Афтодаам раҳораҳ аз пешпои қисмат, Чашми бузург дорам, аммо назар надорам. Озодият муборак, эй ҷони ношикебо, Дар илми сабр кардан чун ту ҳунар надорам. Як реза дил чӣ хоҳад аз бекарони офоқ, Хулқи малак надорам, хӯи башар надорам. Охир, куҷо равонам бо кӯчаҳои чиркин, Афсӯс, пар надорам, афсӯс, пар надорам.