Бигӯ, хуршед баргардад ба бомам,
Бигӯ, хуршед баргардад ба бомам,
Ба бӯи субҳ бигрезад зуломам.
Салом, эй ишқ, падруд, эй муҳаббат,
Ба самти туст падруду саломам.
Маро як қуллапаймо ҳам напаймуд,
Ҳаросид аз баландиҳои номам.
Дар ин деге, ки номаш зиндагонист,
Ҳама пухтанду як ман боз хомам.
Маро ин шаҳр то девонагӣ бурд,
Тамошое миёни издиҳомам.
Тилисми ишқ мехоҳад дили ман,
Кӣ меояд, ки андозад ба домам?
Чу шабкӯрам, ки чизеро набинам,
Агар маҳтоб ҳам бахшӣ ба шомам.
Агар мардӣ, ба ҷои ман ту бистон
Зи қалби мурдаи худ интиқомам.