Баҳорро зи нишонии ту пазируфтам,
Баҳорро зи нишонии ту пазируфтам,
Чу ихтирои ҷавонии ту пазируфтам.
Хутути баргу гулу хоку сангу шабнамро
Чу номаҳои ниҳонии ту пазируфтам.
Тапидани ҳаяҷонро зи пушти пардаи гул
Чакомаи зарабонии ту пазируфтам.
Ба обшор сано гуфтаму садояшро
Тариқи покбаёнии ту пазируфтам.
Қасам, ки ишқи туро мустақим ёфтаам,
На аз фалону фалонии ту пазируфтам.