Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Паёпай гиря кардам, ханда кардам,

Паёпай гиря кардам, ханда кардам, Ҳамин ҳастии ноарзанда кардам. Ҳарири нозро аз тан кашидам, Дили садпораро дар жанда кардам. Ба теғи ояташ ҷоду шикастам, Дили паркандаро боланда кардам. Ба ҷои «оҳ» чун Аллоҳ гуфтам, Тилисми ҳосидонро канда кардам. Гунаҳ кардӣ, ки бар ман дил надодӣ, Гунаҳҳои туро парванда кардам. Аҷаб дорам, ки ҳоло ҳам намурдӣ, Ки тире аз камон афканда кардам. Салом, эй шеър, эй пайки ҳамеша! Туро ман қосиди оянда кардам. Натарсидам, дубора ИШҚ гуфтам, Ба имон мурдаамро зинда кардам. Аҷал омад, ки ҷонамро ситонад, Аҷалро куштаму шарманда кардам.