Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чу ҳамхокему ҳамгардун, чӣ мепурсӣ, куҷоиям,

Чу ҳамхокему ҳамгардун, чӣ мепурсӣ, куҷоиям, Ба тан чун ту заминиям, ба ҷон чун ту самоиям. Агар ту бехуду риндӣ, зи ман дарси ҷунун омӯз, Агар сӯфӣ туӣ, ибрат пазир аз порсоиям. Ба сустӣ меравам, чун ҳамраҳам як пиру як тифлест – Яке ақли ҳавасбанду дигар рӯҳи ҳавоиям. Баҳори ман бирафту тирамоҳам низ хоҳад рафт, Ишорат мекунанд ин раҳравон бар бебақоиям. Чу беасле лаб олояд, ки ман бегонабунёдам, Зи шарёнам занад фарёд хуни ориёиям. Аз ин хокистарони пошхӯрда гулхане хоҳам, Дареғи ман, дареғи орзуҳои тилоиям.