Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар куфрзор гум шуда лаҳни намозиям,

Дар куфрзор гум шуда лаҳни намозиям, Оташ наяфканад ба ҷаҳон худгудозиям. Ман навтарин касам, ки зи оянда омадам, Ё куҳнаам, ки мунтазири бозсозиям. Сад муҳраи ситора биёвехт осмон, Охир фиреб дод бад-ин муҳрабозиям. Бедард чун зиям, ки табиби дилам туӣ, Эй он ки теғ мезанию менавозиям. Пурсӣ, чӣ хоҳӣ аз ману гӯям, ки ҳеч, ҳеч, Бишнос эҳтиёҷи ман аз бениёзиям. Боре зи гарданам расани ҷовидон бигир, Эй вақт, марҳамат куну бигзор, то зиям.