Ҳар суханат сахо кунад ҷоизаи ниҳониям,
Ҳар суханат сахо кунад ҷоизаи ниҳониям,
Ҳар нигаҳат ато кунад қуввати осмониям.
Аз ҳама нодири манӣ, эй ки бурун кашидаӣ
Ин ҳама бозёбро аз дили бостониям.
Аз кӣ ба кист хаткашон рӯҳи кабӯтаронаам,
Номаи нонавиштаам, қосиди бенишониям.
Шукр, ки ёфтам туро дар бадали сулуки дил,
Шукр, ки ёфтам туро, одами ормониям.
Чашми баҳоркеши ту ҳеч набахшад ин гуноҳ,
Ин ки шикояте кунам аз талафи ҷавониям.
Бахш маро, ки як туӣ бахшиши Офаридгор,
Бош, ки буданат шавад ҳуҷҷати зиндагониям.