Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дилтанг шуд фаришта ҳам аз беҷунуниям,

Дилтанг шуд фаришта ҳам аз беҷунуниям, Шаҳре ба шӯр омад аз ин пурсукуниям. Муллои бешарор ба набзам ниҳод даст, Табларзааш гирифт аз ин сардхуниям. Зан будани маро ба таҳи шубҳа мениҳад Нодилбарию содагию бефусуниям. Як пайкари ҳақираму як ҷавҳари мунир, Ниме бузургиям ману ниме забуниям. Оғозномае ба китобе навиштаам, Хандед, раҳзанон, ба ману раҳнамуниям. Ман ҷамъи ман баробари икс аст дар ҳисоб, Сад файласуф хира шуд аз «зӯфунуниям». Ояндаи азиз, диламро ба каф бинеҳ, Ҳамрӯзгори тустам, оре, кунуниям. Як рӯз куди қуфли диламро зи бар бикун, Эй соҳиби ҳақиқии ганҷи даруниям.