Эй азизи раҳбурда бар фарози маъноям,
Эй азизи раҳбурда бар фарози маъноям,
Номи хешро бишнос аз хутути зебоям.
Безабон сухан гӯянд офтобу оина,
Эй нигоҳи ту гӯё бо нигоҳи гӯёям.
Ҳаҷри туст шӯрангез дар шаби афифи ман,
Васли туст шабнамрез дар хаёли раъноям.
Ҷон шабиҳи ҷон омад, ишқ дар миён омад,
Нақши ту мусаввар шуд дар сиришту симоям.
Не ниҳон, на пайдоӣ, эй ниҳонтарин пайдо,
Доғи туст, доғи ту дар ниҳону пайдоям.
Беситорае чун ман бо ту офтобӣ шуд,
Бо ту офтобӣ шуд фитрати мусаффоям.
Лаззатест рафтанро, лаззате, ки мислаш нест,
То ту гом хоҳам зад, қуллаи таманноям!