Дубора сӯи ту боз омадам, салом, азизам,
Дубора сӯи ту боз омадам, салом, азизам,
Дубора замзамасоз омадам, салом, азизам.
Бубахш бемаҳалии ғуруби ғунчаи сурхам,
Ки субҳ, вақти намоз омадам, салом, азизам.
Барои Каъбарави нимараҳ, барои дили ту
Чу армуғони Ҳиҷоз омадам, салом, азизам.
Ман асли муъҷиза будам, ки чашми ғайр даромад,
Кунун зи роҳи маҷоз омадам, салом, азизам.
Нигоҳи ман зи нигоҳи касе саломрасон аст,
Ба чашми чашмгудоз омадам, салом, азизам.
Чӣ гуна ноз фурӯшам, ки зери кафши замонам,
Бале, ба мотами ноз омадам, салом, азизам.
Агар, ки пардаи ҷонат ба ларзиш омада бошад,
Чу Зуҳра парданавоз омадам, салом, азизам.
Бараҳна гаштаму дилро зи сина ҳай кардам,
Ба фош кардани роз омадам, салом, азизам.
Агар ба чашми ту зиштам, ба ҷои ҳусн пазироӣ,
На чун бутони Тароз омадам, салом, азизам.
Ало набудаву норафтаву наомадаи ман,
Салом, сӯи ту боз омадам, салом, азизам.