Дуи дубора ба дунё салом мегӯям,
Дуи дубора ба дунё салом мегӯям,
Ба офтобу ба дарё салом мегӯям.
Дилам чу ҳуҷҷати сурхи баҳор пеши шумост,
Ба муҳри он гули мино салом мегӯям.
Баҳортар зи баҳорам миёни чиллаи дай,
Ба ғунча-ғунча таманно салом мегӯям.
Ба эҳтироми нигоҳи ҳанӯз шаффофат
Ба субҳи оинаполо салом мегӯям.
Ғубори пастхами сифлагон бияфшондам,
Ба он баланду мубарро салом мегӯям.
Зи чашми наҳспазирон умеди хайрам нест,
Ба чашми нағзпазирон салом мегӯям.
Ба килки айб раҳи килки ғайб натвон баст,
Ба дасти ёрии боло салом мегӯям.
Бипурс тарҷумаи ишқро зи кафтарҳо,
Ба масҷиду ба калисо салом мегӯям.
Дусад алайки ту омад ба як саломи ман,
Ба лутфҳои Таъоло салом мегӯям.
Ба шодбоди ту, эй ваҳйи ҷовидонаи ишқ,
Ба зиндагию ба фардо салом мегӯям.