Дидори нотасвири ту дар сарнавиштам шуд рақам,
Дидори нотасвири ту дар сарнавиштам шуд рақам,
Ҳафт осмон дур аз манӣ, эй н-омада ин як қадам.
Дилро насиҳат мекунам, осуда шав, эй тундҷӯш,
Тақвимро кун эҳтиром, чун рӯди обонӣ мадам.
Каҷрав агар ҳаҷрав шавад, як ном ӯро нав шавад,
Аз нав ҳаром ояд бурун, гарчи дарояд дар Ҳарам.
Гӯянд, эй бесабзҷайб, ин сабзҳарфиҳо чаро,
Девонаӣ, девонагон гарданд бе фикри дирам.
Беҳуда андар хокиён халлоқиятро ҷустаӣ,
Нашнохтӣ, нашнохтӣ боре самадро аз санам.
Баъд аз ҳазору як шикаст бояд зи сифр оғоз ёфт,
Ҳарчанд дар дил чаппа шуд сад орзуи муҳташам.
Обод гаштам ё табоҳ, оҳ, эй табиби ҷонпаноҳ,
Парҳези нав фармо маро, парҳез аз истеъмоли ғам.