Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хазонак шуд, хазонак шуд магар гелоси гардун ҳам,

Хазонак шуд, хазонак шуд магар гелоси гардун ҳам, Дубора кор хоҳад кард оё чархи ворун ҳам? Куҷо заҳҳокзори шабдарунҳоро барандозад Агар аз теғи қулла баршавад гурзи Фаридун ҳам. Дигар аз ҳошия берун қалам ҳам як қадам нагзошт, Саҳарҷӯшии дил бигзашт, шабсайру шабехун ҳам. Магар инсон тавонад буд то фардои растохез Кабӯтарвора хуррам ҳам, санавбаргуна мавзун ҳам. Аҷал баҳри наҷот омад, аҷал н-омад, ҳаёт омад, Вагарна, ишқ ҳам мемурд, ҳатто ишқи Маҷнун ҳам. Хитоби ман фақат бар туст, эй инсони оянда, Ки баҳри рафтагон мафҳуми «Фардо» нест, «Акнун» ҳам. Дар ин садсолагӣ бо ишқ паймон бастаам, маъзур, Гар аз рӯи шариат нест ин, аз рӯи қонун ҳам.