Чун ба анҷум ҷилваи пинҳон кунам,
Чун ба анҷум ҷилваи пинҳон кунам,
Халқро бори дигар ҳайрон кунам.
Бо нигоҳе ҳафт пироҳан дарам,
Осмонро таҳ ба таҳ урён кунам.
Чун ту натвонам кулоҳи сурхро
Дар сари офоқ андармон кунам.
Чун самои дай дури сурхам, ки ҳаст,
Чанд дар ҷилди садаф пинҳон кунам.
То ба ин дам хидмати ҷин кардаам,
Дигар акнун чокарии ҷон кунам.
Ҳар гунаҳро тавба ҷуброн мекунад,
Тавбаро ман бо гунаҳ ҷуброн кунам.
Офтобо, кош, алло, гӯиям,
Гар ба асри шаст ҳам тилфон кунам.
Бар дили ман рухсати таътил нест,
Нав ба нав бо орзу паймон кунам.