Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Рӯзе даруни вожаи ишқ ошён кунам,

Рӯзе даруни вожаи ишқ ошён кунам, Яъне, ки ишқро зи ҳузурам ҷавон кунам. Рӯзе баландтар равам аз чашмдори ту, Оре, зи ишқи авҷрават нардбон кунам. Бигзар зи панҷара, ки гули арғувон канӣ, Дилро шинос, агар сухан аз арғувон кунам. Бодам, ки ҳар дақиқа ба ҳар сӯй мевазам, Фармудаи Худой чӣ бошад, ҳамон кунам. Эй бенишон, алайк бигӯ бар саломи ман, Одреси худ навис, паёме равон кунам. Эй беҳтарин баҳонаи будан, ҳамеша бош! Дар сарҳади ҳаёт туро марзбон кунам.