Рангам канад, чу бар рухи сабзат нигаҳ кунам,
Рангам канад, чу бар рухи сабзат нигаҳ кунам,
Сабзам зи нав, чу ёди ту дар тирамаҳ кунам.
Мисли шабаҳ ту мегузарӣ аз раҳи хаёл,
То кай фиреби хеш дар ин кӯрараҳ кунам?
Бар осмон парам, ки ба сӯи дилат равон
Тири ситораҳо зи фалахмони маҳ кунам.
Минқор мезанад қалами ман чу мурғаке
Дар сафҳаҳои дил, ки ба номат сияҳ кунам.
Эй гавҳари ягона, ба дарёи чашми худ
Охир туро зи чашми бади кас панаҳ кунам.