Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Раҳам намо, ки зи доми ҷаҳон раҳониям,

Раҳам намо, ки зи доми ҷаҳон раҳониям, Фақат ба Туст умедам, ки метавониям. Ман аз ту ҷоизаи беҳтарин пазируфтам, Ки додаӣ зи азал партави ниҳониям. Баҳорро набар, эй қосиди сабоҳатбахш, Аз ин гули шафақовези осмониям. Маро ба гул, ки бадомӯз кардаӣ, биштоб, Агар набурдаӣ аз ёди худ нишониям. Дигар раҳо нашав аз ҳалқаи рабоиши ман, Ки ман даричаи бозе ба бекарониям. Адӯ ба пастии туҳмат маро ҳавола кунад, Ту нардбони баланди наҷот мониям. Биҳил бикун, ки сипосат нагуфтаам, аммо Дар иртифои сафо боз менишониям. Гуноҳи ӯст, ки бар ман дусад гунаҳ бастаст, Гуноҳи ман, ки сазовори бадгумониям. Бимон, ҳамеша бимон, эй саодати улвӣ, Фурӯғи лоятаноҳии зиндагониям.