Рехт бар хотираи ёсуманӣ субҳнамам,
Рехт бар хотираи ёсуманӣ субҳнамам,
Раст аз ҳошияҳо сурмаи чашми қаламам.
Буданам чист дар ин хомушии беҷарақа,
Ҳастии гумшудаам, хандахариши адамам.
Чӣ заифона, чӣ гунгона, чӣ номардона
Сар фуроварда ба ин бохтани дам ба дамам.
Бо чӣ нозам, ки дигар мояи нозам ҳам нест,
Бо чӣ фахрам? Ба сафолин шудани Ҷоми Ҷамам?!
Гуфта будам, ба баҳорон нарасам, лек расид
Гули олуча ба табрики шикасти қасамам.
Охир, эй сурати рӯҳонии дар парда ниҳон,
Теғи ҷарроҳи ту бояд, ки барояд аламам.
Ишқ! Номи ту дигарбора барам ё набарам,
Зиндагӣ! Боз шамими ту шамам ё нашамам?!