Зи ҷаҳони пуршаётин биравам, дигар наёям,
Зи ҷаҳони пуршаётин биравам, дигар наёям,
Шунавам дуои ёсин, биравам, дигар наёям.
Бифишонда дасту доман ба нишоти сабз будан,
Ба тамоми мадҳу нафрин, биравам, дигар наёям.
Ба куҷо, ки пой монам, биниҳад фалак тилисме,
Зи фиреби ин сияҳкин, биравам, дигар наёям.
Чу ба ҷони ташнаи ман нарасид пайки Фарҳод,
Биравам ба хоби ширин, биравам, дигар наёям.
Ба тулӯи субҳи минӯ, ба тавофи себи мамнӯъ,
Ба саломи ёсу насрин биравам, дигар наёям.
Зиҳӣ он дами хуҷаста, ки мани қафасшикаста
Пури нағмаҳои нӯшин, биравам, дигар наёям.