Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Парвардагор, ёри маро дар паноҳ дор,
Парвардагор, ёри маро дар паноҳ дор, Он гурди шаҳсувори маро дар паноҳ дор. Меҳри сафар гузиду бароям ғам офарид, Ғамофаридагори маро дар паноҳ дор.
Садбаргро мутолиа кун, эй чамантабор,
Садбаргро мутолиа кун, эй чамантабор, Аҳсант гӯ ба ҳавсалаи ношири баҳор. Сад сол шуд, ки ҳеч маро нест иттилоъ Аз матни ду ҷаридаи Наврӯзинтишор.
Баҳори оламошӯбе, ки гул бо гул биёмезад,
Баҳори оламошӯбе, ки гул бо гул биёмезад, Сабо парвезане гирад, ки дар ҳар кӯча гул безад. Чунон гулзор мехоҳам, ки шаш сӯро ба шӯр орад, Чунон анвор мехоҳам, к
Ҷони ман тарҷумони ҷони ту шуд,
Ҷони ман тарҷумони ҷони ту шуд, Чашми ман шореҳи ниҳони ту шуд. Ту накун тарҷумонии хуршед, Чунки хуршед тарҷумони ту шуд.
Озмоиш омаду ишқи ту ҳам мағлуб шуд,
Озмоиш омаду ишқи ту ҳам мағлуб шуд, Чеҳраи маҳбуби ман пеши ту номаҳбуб шуд. Дил асое дошт бо номи муҳаббат то ҳанӯз, Он асо бишкаст имрӯзу дилам маъюб шуд.
Зи пушти интизорӣ ёр меояд, намеояд,
Зи пушти интизорӣ ёр меояд, намеояд, Шаҳе аз пардаи пиндор меояд, намеояд. Ба боми мо ҳам он хуршед метобад, наметобад, Ба боғи мо ҳам он ҷӯбор меояд, намеояд.
Эй фасли турушширин, эй фасли тилоандуд,
Эй фасли турушширин, эй фасли тилоандуд, Баргӯ, ба куҷо тозад барге, ки фитад дар рӯд. Зардии чанористон, сурхии анористон Ҳам медиҳадам андӯҳ, ҳам мекунадам ху
То зи чашми беморат як нигоҳ нозил шуд,
То зи чашми беморат як нигоҳ нозил шуд, Ҷони сад ҳазорон кас бардариду бисмил шуд. Маҳрамона пайвастӣ нури худ ба нури ӯ, Шаб, ки бар шабистонат офтоб дохил шуд
Баро бо ханда, эй хуршеди сармад,
Баро бо ханда, эй хуршеди сармад, Ки бигрезад ҳама деву ҳама дад. Чу ман худро ба некӯӣ надонам, Ту кай донӣ маро, эй ғофил аз худ.
Хостӣ, ҳафт осмонро дар занӣ, нагзоштанд,
Хостӣ, ҳафт осмонро дар занӣ, нагзоштанд, Наъраҳо аз гунбади ахзар занӣ, нагзоштанд. Хостӣ, дар зулмати заҳҳокзори рӯҳҳо Аждарони нонаморо сар занӣ, нагзоштанд.
Ҳам сӯзи нават бояд, ҳам сози нават бояд,
Ҳам сӯзи нават бояд, ҳам сози нават бояд, Ҳам рӯзи нават бояд, ҳам рози нават бояд. Эй шӯълаи афсурда, парвози нават бояд В-эй ишқи фурӯмурда, оғози нават бояд.
Муборак гӯ, муборак гӯ, ҷавонӣ боз меояд,
Муборак гӯ, муборак гӯ, ҷавонӣ боз меояд, На фасли наъш, баски нашъаи оғоз меояд. Туйи садсоларо бо чашми маҷнунона мебинад, Зи хушбахтӣ дили оина дар парвоз ме
Насими субҳ, ки аз ҳаштбоғ меояд,
Насими субҳ, ки аз ҳаштбоғ меояд, Чаҳор равзаи моро суроғ меояд. Биҷуст айб аз ин чорбоғи хушнафаҳот, Ҳар он фасурда, ки маҳкамдимоғ меояд.
Ишқ меояду дил ҳам ба задан меояд,
Ишқ меояду дил ҳам ба задан меояд, Ноқиле аз дили ту то дили ман меояд. Хешро ин ҳама сар додани мо ҳад дорад, Охир аз ҷониби афлок расан меояд.
Он ягонаи аслӣ аз раҳи маҷоз омад,
Он ягонаи аслӣ аз раҳи маҷоз омад, Шодиёна деҳ, эй дил: ишқ, ишқ боз омад. Осмони нилӯчашм чашми меҳрубоне шуд, Офтоби зарринмӯ арғунуннавоз омад.
Ишқ омад, маро мунаввар кард,
Ишқ омад, маро мунаввар кард, Атласамро дубора оҳар кард. Ҳафт оинаро, ки овардӣ, Ғами ман бар ғами ту бовар кард.
Аз Ватан бастаи хунпечи сухан хоҳам бурд,
Аз Ватан бастаи хунпечи сухан хоҳам бурд, Коғазинҷомаи худро чу кафан хоҳам бурд. Ба ҳама ҳадяи ман хуни сиёвушон аст, На ба монанди шумо ёсу суман хоҳам бурд.
Шафақ бо шавқи Мансурӣ ду ракъат ишқ мехонад,
Шафақ бо шавқи Мансурӣ ду ракъат ишқ мехонад, Надорад тоби дайҷурӣ, ду ракъат ишқ мехонад. Уфуқ саҷҷодаи боз асту хуршеди ғурубанда Чу Аттори Нишопурӣ ду ракъат
Эй ёди хуррам, падруд, падруд,
Эй ёди хуррам, падруд, падруд, Эй рашки Марям, падруд, падруд. Аз боғи мино, аз барги раъно Лағжид шабнам, падруд, падруд.
Азизи дур, ба номат кабӯтарона дуруд,
Азизи дур, ба номат кабӯтарона дуруд, Зи боми нуқравари субҳ сад тарона дуруд. Чу шаҳсавораи тақвими тундтоз шудам, Ба дурдасти паровар, ба бекарона дуруд.
Зиндагӣ, зимомат ку, не салом, не падруд,
Зиндагӣ, зимомат ку, не салом, не падруд, Аввалу давомат ку, не салом, не падруд. Ишқ, ишқи ҷонпаймо, шамси осмонпаймо, Сӯи мо саломат ку, не салом, не падруд.
Дар фосилаи салому падруд
Дар фосилаи салому падруд Дидем, ҳар он чӣ диданӣ буд. Олам ҳама доми нонамоест, Дар дом кӣ метавонад осуд?
Авҷ кабуд аст, кабуди кабуд,
Авҷ кабуд аст, кабуди кабуд, Ишқ суруд аст, нахустин суруд. Субҳ, ту бар ҳурмати Ҳақ арза кун, К - аз чӣ сириштанд маро тору пуд.
Дил аз қафас дигар андешаи фирор надорад,
Дил аз қафас дигар андешаи фирор надорад, Вале даруни қафас ҳам даме қарор надорад. Шаби дай асту турушрӯст моҳи лимӯӣ, Шабе, ки барфашу ҳарфаш шакар нисор надо
Дили хамӯшам ҳиҷо надорад,
Дили хамӯшам ҳиҷо надорад, Нафас надорад, ҳаво надорад. Чунон тапишро, ки як замон дошт, Кунун надонам, чаро надорад.