Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Рафтиву дар фасонаи дил мондаӣ ҳанӯз,
Рафтиву дар фасонаи дил мондаӣ ҳанӯз, Дар мармаре забонаи дил мондаӣ ҳанӯз. Амвоҷи вақт хост ба соҳил фиканданат, Аммо ту дар миёнаи дил мондаӣ ҳанӯз.
Дилам ҳавои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз,
Дилам ҳавои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз, Фасонаҳои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз. Бубин, ки оинадори фалак нӯҳ оинаро Ба рӯнамои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз.
Биё, дар пардаи гӯшам садо рез,
Биё, дар пардаи гӯшам садо рез, Биё, борони рӯҳонӣ, биё, рез. Бишӯ фикри маро бо фикри покат, Ба хоки сифла атри кибриё рез.
Нарм-нармак тор зан, эй абри абрешимнавоз,
Нарм-нармак тор зан, эй абри абрешимнавоз, То дили дунёи милёнсола ояд дар гудоз. Талх бигристиву мижгони касе ҳам хам нахӯрд, Чашми мо кайҳо шакарпайванд шуд б
Бишкуфт ё фусурд ин лолаи маҷоз,
Бишкуфт ё фусурд ин лолаи маҷоз, Инро бирав, бипурс аз ёри лоласоз. Дар озмуни дав якбора ғайб зад Дар хамгаҳи уфуқ хуршеди яккатоз.
Баргҳо каф мефишоранд, оби раҳмат, рез боз,
Баргҳо каф мефишоранд, оби раҳмат, рез боз, Гавҳари ҳар қатраро дар гӯши гул овез боз. Бо рагам пайванд кун шарёни худро, эй баҳор, Дар дили афсурдаи ман хуни н
Бизӣ, эй ишқ, эй шодии оғоз,
Бизӣ, эй ишқ, эй шодии оғоз, Ҷавонизор кун рӯҳи маро боз. Бизӣ, эй орзуи сабз дар сабз, Паёпай реша густар, қомат афроз.
Мард шав, дил, биё, мубориза бар,
Мард шав, дил, биё, мубориза бар, Аз барои Худо мубориза бар. Сад адӯ симхори роҳат шуд, Бо ҷадал раҳ кушо, мубориза бар.
Дил бастаӣ ба ҳола, ай аз моҳ бехабар,
Дил бастаӣ ба ҳола, ай аз моҳ бехабар, Берун биё зи сояву хуршедро нигар. Шӯҳрат магӯву ҳошияро интихоб кун, Бо ҷазба соз ҳошияро маркази назар.
Чеҳраи асли худ намо, боз фикан ниқоби ғайр,
Чеҳраи асли худ намо, боз фикан ниқоби ғайр, Чанд ба хирагӣ шавӣ ҳолаи моҳтоби ғайр. Ин ҳама фахру ноз чист, эй ки ҳамора будааст Мастият аз шароби кас, серият
Туро дорам, туро, сад шукр, сад шукр,
Туро дорам, туро, сад шукр, сад шукр, Азизи нонамо, сад шукр, сад шукр. Кам аст, оре, кам, аз як лаҳза ҳам кам, Чу гӯям қарнҳо сад шукр, сад шукр.
Гулҳои обон, гулҳои мастур,
Гулҳои обон, гулҳои мастур, Гулҳои манзум дар фасли мансур. Бар қаҳ - қаҳу ноз, бар чаҳ - чаҳи роз Дер омад охир аз ғайб дастур.
Нутқи табрикии булбул шунавам чори саҳар
Нутқи табрикии булбул шунавам чори саҳар Дар табассумкадаи ёсуману нилуфар. Ҳой гулҳои азиз! Омадану рафтан чист, Чист ин тантанаи зиндагии пар-пар-пар.
Чун биёӣ, баҳорро овар,
Чун биёӣ, баҳорро овар, Ҷони фурсатшуморро овар. Дар саломи ту атса зад гули себ, Себи минӯтаборро овар.
Накунам талаб, ки ҷоно, зи само ситора овар,
Накунам талаб, ки ҷоно, зи само ситора овар, Ба дукони васладӯзон дили пора-пора овар. Ба ҳазор моҳвора натавон ба шаб зафар кард, Ту ба боми фикри мо ҳам ду-се
Эй ишқи хокистаршуда, то ҷовидон ёдат ба хайр,
Эй ишқи хокистаршуда, то ҷовидон ёдат ба хайр, Дар хотира пар - пар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр. Заҳре, ки дар дил мондаӣ, чун заҳрпечак сар назад, Як бӯстон
Бемор нашав, модар, бемор нашав, модар,
Бемор нашав, модар, бемор нашав, модар, Нагзор, маро нагзар, бемор нашав, модар. Бардор сар аз болин, аз қулла шуъо барчин, Хуршеди фурӯзонфар, бемор нашав, мод
Биё ба куштани кобус, эй азони саҳар,
Биё ба куштани кобус, эй азони саҳар, Ба мағзҳои шаболуда рӯшанӣ густар. Ба ман иҷозаи рафтан биёр то Афранг, Дуруд бар ту, аё қосиди фурӯзонфар.
Омадам хона, дар кушо, модар,
Омадам хона, дар кушо, модар, Ассало гӯй, ассало, модар. Аз куҷоям ман, аз куҷоям ман, Аз куҷоӣ ту, аз куҷо, модар.
Нав мешавам, нави нав, аммо пагоҳи дигар,
Нав мешавам, нави нав, аммо пагоҳи дигар, Бар субҳ мегароям бо рӯҳу роҳи дигар. Роҳи ману ҳама кас шояд, ки инчунин аст: Аз иштибоҳ рафтан то иштибоҳи дигар.
Вой аз ин зулмати ҳастифишор,
Вой аз ин зулмати ҳастифишор, Равзанае нест барои фирор. Шукр бигӯяд, ки нафас каш, нафас, Куфр бигӯяд, ки нафас боз дор.
Эй маърифат, эй фариштаи мӯъҷизакор,
Эй маърифат, эй фариштаи мӯъҷизакор, Дар кӯчаи мо низ бикун гаштугузор. Бигзор зи будани ту огоҳ шаванд Ин равзанабастаҳо зи анбӯҳи ғубор.
Хайр, паноҳат ба Худо, эй баҳор,
Хайр, паноҳат ба Худо, эй баҳор, Хайр, ало нағмаи нӯшини пор. Шукру дареғо, ки дили коҳилам Нест дигар, нест дигар беқарор.
Дер кардем бар саломи баҳор,
Дер кардем бар саломи баҳор, То парӯ шуд ба хок ҷоми баҳор. Кош, ҳамрутбаи чаман будам, Ҳамсафи боғу ҳаммақоми баҳор.
Субҳро карданд дар ман ихтисор
Субҳро карданд дар ман ихтисор Ҳамраҳони кофари зулматнисор. Бо ҳақирон шину хезе доштам В - аз ҳақорат рехтам дар худ ғубор.