Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ин кист, ин нишаста дар чиллахонаи дил,
Ин кист, ин нишаста дар чиллахонаи дил, Дар чиллахонаи дил ҳаст он ягонаи дил. Кай тан диҳад ба мурдан, бар зиллати фусурдан, Зеро туӣ, туӣ, ту узру баҳонаи дил
Гузашт давраи ман гуфтанат, наноз, эй дил,
Гузашт давраи ман гуфтанат, наноз, эй дил, Чу нозпарвари як кас наӣ, наёз, эй дил. Хатост, ҳукми ман, оре, ту бо яке нозӣ, Ба дигарон набувад ҳаргизат ниёз, эй
Шабихун зан ба танҳоӣ, баро аз инзиво, эй дил,
Шабихун зан ба танҳоӣ, баро аз инзиво, эй дил, Баро аз инзиво, охир, баро бар самти мо, эй дил. Касе омад, туро бифшурд зери кафши хоколуд, Надонист ӯ, ки ту но
Мурғи қафас нафастанг,
Мурғи қафас нафастанг, Мурғи нафас қафастанг. Ду дил-дили ману ту Ҳамшиша асту ҳамсанг.
Дил, дило, рӯзу шаби ёсуманият табрик,
Дил, дило, рӯзу шаби ёсуманият табрик, Наргисӣ, нилуфарӣ, настараният табрик. Офтобона баро, маҷмарагардонӣ кун, Боғ дар боғ, чаман дар чаманият табрик.
Бар димоғи муштоқам ин шамими ҷон табрик,
Бар димоғи муштоқам ин шамими ҷон табрик, Нози нозгул табрик, шарми арғувон табрик. Бе ту тангдил будам дар фарохнои дур, Омадам ба оғӯшат чун ба бекарон, табри
Рафтаро оянда кун, эй ишқ, ишқ,
Рафтаро оянда кун, эй ишқ, ишқ, Лаҳзаро поянда кун, эй ишқ, ишқ. Моҳи навро дар лабат чун най навоз, Рӯҳи шабро зинда кун, эй ишқ, ишқ.
Сад бор ҳам навиштам гар сӯгномаи ишқ,
Сад бор ҳам навиштам гар сӯгномаи ишқ, Ин сӯгномаҳоро бишнос идомаи ишқ. Чун иҷтимову дардаш рӯҳи маро фалаҷ кард, Гуфтам наменависам дигар чакомаи ишқ.
Зебост бо тасаввури васлат шаби фироқ,
Зебост бо тасаввури васлат шаби фироқ, Аз бӯсаи хаёли ту сӯзад лаби фироқ. Бе ту шабам руҷӯи сиёҳии мутлақ аст, Бар ман ҳамеша шаъшаа зан, кавкаби фироқ!
Эй миллати хуҷаста, табрик, боз табрик,
Эй миллати хуҷаста, табрик, боз табрик, Шоистаӣ, ки гӯям бе як маҷоз табрик. Бар паҳлавидурудон, бар Рӯдакисурудон, Бар оташинвуҷудон завқи гудоз табрик.
Ишқ, ки мурд дар ду дил, монд азои муштарак,
Ишқ, ки мурд дар ду дил, монд азои муштарак, Рӯз ба рӯз сабз шуд хотираҳои муштарак. Ҷӯр наметапад ду дил, лек чӣ ҷӯр метапанд Сад милиярд ахтарон зери қабои му
Субҳи ваҳйовар таваллуд шуд, муборак,
Субҳи ваҳйовар таваллуд шуд, муборак, Дар найе шаккар таваллуд шуд, муборак. Бо саодатмақдами борони найсон Дар садаф гавҳар таваллуд шуд, муборак.
Дар ин дӯзахбиҳишти кӯҳнааъроф
Дар ин дӯзахбиҳишти кӯҳнааъроф Накӯӣ ғайб зад охир паси Қоф. Муҳаббат гуфт: Ман дар олами худ Туро каффош мебинам, на кашшоф.
Меравам, меравам ба боғ, ба боғ,
Меравам, меравам ба боғ, ба боғ, То биёбам зи худ фароғ, фароғ. Пар задам дар тамоми шаш қитъа, Марҳаме кофтам ба доғ, ба доғ.
Иддаои қатра будан дорам, эй дарё, бубахш,
Иддаои қатра будан дорам, эй дарё, бубахш, Арзане гар кӯҳҳиммат шуд, маранҷ, ӯро бубахш. Гарчи милён сол дар кунҷи фаромӯшӣ зиям, Боз дар мобайни майдон мешавам
Дуруд, эй қосиди фардо, шабат хуш боду рӯзат хуш,
Дуруд, эй қосиди фардо, шабат хуш боду рӯзат хуш, Навиншоиву ноифшо, шабат хуш боду рӯзат хуш. Видоъ, эй рафтаи ширин, шабат хуш буду рӯзат хуш, Дуруд, ояндаи з
Шамими ишқ меояд зи себистони субҳоғӯш,
Шамими ишқ меояд зи себистони субҳоғӯш, Шафақ дар шохи миноӣ шакарсебест атласпӯш. Шаби дӯшин нигаҳ кардам, ки дар гулгашти маҳтобӣ Фалак ҳам як сабад себи сито
Як ҷаҳон сухан дорам бо ҷаҳони маҳкамгӯш,
Як ҷаҳон сухан дорам бо ҷаҳони маҳкамгӯш, Ҳолиё, ки мехонад дар қафас дили навҷӯш. Матлаат чӣ буд, эй дил, мақтаат чӣ хоҳад буд, То куҷо тапиш дорӣ фориғ аз паг
Ало посух надода бар саломи ман, саломат бош,
Ало посух надода бар саломи ман, саломат бош, Бубин аз дур сӯзи нотамоми ман, саломат бош. Дар аввал ҳарфи ман дар пештоқи хона бинвишта, Сипас аз лавҳи дил бис
Нахустин туӣ, охирин ҳам ту бош!
Нахустин туӣ, охирин ҳам ту бош! Ҳамин як туӣ, ҳарду олам ту бош! Дилам рехт бар хок, аз осмон Фуруд о, Масеҳои Марям ту бош!
Магӯ алайки саломам, вале саломат бош,
Магӯ алайки саломам, вале саломат бош, Мадеҳ ҷавоби паёмам, вале саломат бош. Бимон, ки ҳеч насиме зи кӯи ту н-орад Шамимае ба машомам, вале саломат бош.
Сад ҷурм гирифтӣ, ки чунин бошу чунон бош,
Сад ҷурм гирифтӣ, ки чунин бошу чунон бош, Яъне ки ту ҳам нусхарабои дигарон бош. Ин тавр биёро руху он тарз бинеҳ по, Эй маҳви худӣ, мисли фалониву фалон бош.
Дӯст, аз будани бемаърифатам ҳеч мапурс,
Дӯст, аз будани бемаърифатам ҳеч мапурс, Чун туӣ подшаҳи мамлакатам, ҳеч мапурс. Он чӣ аз халқ ниҳон аст, зи Ҳақ пинҳон нест, То туӣ оинаи шашҷиҳатам, ҳеч мапур
ГУЛИ НАРГИС
ГУЛИ НАРГИС (Барои Наргиси Фарзод, ки ашъори бандаро ба инглисӣ тарҷума карда) Тарҷумони рози ман, Наргис, эй гули Наргис,
Дилам дар шаккаристон аст имрӯз,
Дилам дар шаккаристон аст имрӯз, Шакарваштар зи бӯстон аст имрӯз. Баҳоро, мизбонӣ кун диламро, Ки дар хони ту меҳмон аст имрӯз.