Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқ марг аст ва ё фотиҳаи мелодам,

Ишқ марг аст ва ё фотиҳаи мелодам, Мурдаму зинда шудам, гӯй муборакбодам. Бар абас бар туи бемеҳртарин таъна задам, Ки чаро дӯст надорию накардӣ ёдам. Худ сазовор набудам, ки маро ёд кунанд, Ба муридӣ нарасидам, ки диҳанд иршодам. Дили бахшандаи ман арзи иродат дорад Ба ҳамон дида, ки нодида гирифт эродам. Бетафовут нафишон даст ба ояндаи ишқ, Марҳамат кун, бинамо бештар истибдодам. Дигарон санг фиканданду ту як шохаи гул, Ман на аз санг, ки аз зарбаи гул афтодам. Лаззати лоятаноҳӣ ба ман аз ҳаҷр омад, Хӯрдаам оби бақоро зи кафи ҷаллодам. Ҳеч кас хубтар аз Ҳофизи шӯрида нагуфт: «Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам».