Қасам ба номи баҳорон, ки ман аз они туам,
Қасам ба номи баҳорон, ки ман аз они туам,
Чӣ теғ мезанӣ ай ҷони ман, ки ҷони туам.
Қасам ба ашки ситора, ки ман гули себам,
Чу шабнам о ба канорам, ки ошёни туам.
Чӣ меҳрҳо, ки ту кардӣ нисори бегона,
Ба ман ту хашм гирифтию меҳрубони туам.
Ба ростӣ, ки ту гоҳи бадӣ шабеҳи манӣ,
Чунон ки ман гаҳи некӯиям ба сони туам.
Зи хокиён чу бадат мерасад, садоям кун,
Ки ман фариштаи танҳои осмони туам.
Ту охирин асари нур дар ғуруби манӣ,
Ман охирин нафаси сабз дар хазони туам.