Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Кош, аз фалсафаҳо барканаму сода шавам,

Кош, аз фалсафаҳо барканаму сода шавам, Яшти гул хонаму ҳамқисмати шаббода шавам. Зиндагӣ шодии худро, ки дареғ аз ман дошт, Ба пазируфтани ғамҳои вай омода шавам. Буданам оинае буд, ки зангор гирифт, Ку зудояндаи зангор, ки озода шавам. Ҷода охир шуду ҷуз ҳеч дар анбонам нест, Дер бошад, ки раҳомӯзи дигар ҷода шавам. Ту ҳидоят бикун, эй дӯст, ки шокир гардам, Баъд аз ин бӯсагузори рухи саҷҷода шавам. Манам он қуфли дари роз, ки кудаш донӣ, Ба ҳама баста шавам, баҳри ту бикшода шавам.