Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Куҷо донам, ки охир аз куҷоям,

Куҷо донам, ки охир аз куҷоям, Ту медонӣ маҳалли мубтадоям. Мазан панҷа, ки ҳассос офаридӣ Пиёнуям, гиторам, уду ноям. Чаро як шаъшаа нурам надодӣ, Зи обу гил сириштӣ муҳтавоям. Худоҷон, бӯсамат аз дур, аз дур, Чӣ бепосух нишинӣ бар чароям. На аз тақвими гулҳои баҳорам, Гули обонам, аммо дерпоям. Чу Будо зери нахле менишинам, Зи қайди меҳру нафринҳо раҳоям. Дар ин шаҳре, ки як сомеъ надорам, Ба дунболи чӣ мегардад садоям? Каломам шарқию фикрам фарангӣ, Аҷибам, куҳнадӯзи навгароям. Касе омад, паси дар по ба по зад, Бигӯ, охир, лаби бемарҳабоям: Бифармо, қосиди хуршедпайғом, Чӣ овардӣ, чӣ овардӣ бароям? Бифармо, зиндагӣ, эй пайки фардо, Ба ташрифи ту дарро мекушоям.