Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Мавҷи гул дар канор меоям,

Мавҷи гул дар канор меоям, Бо дигар рангу бор меоям. Ихтиёрам ба дасти гардунҳост, Чун ту беихтиёр меоям. Худ надонам, ки бар сарои дудар Аз куҷо, бо чӣ кор меоям. Панҷумин фасли умри ман, ки расад, Тозатар аз баҳор меоям. Бояд ин лаҳза табли ҳастӣ зад, Ман, ки фурсатшумор меоям. Ту магар, ки ду бор меоӣ, Ман магар, ки ду бор меоям. Тавба иксири навҷавонии мост, Бо гуноҳи қатор меоям. Бар ту хоно, ба хеш нохоно Мисли хатти ғубор меоям. Охир, эй будаи нобудаи ман, Бо ту рӯзе дучор меоям.